Дарвоз

Дарони боз дори рузу шабхо,
Намонад то ки бе як сарпанохе.
На тобистону не дар фасли сармо,
Яке рахгумзада ё марди рохе.
Аё Дарвози ман, эй мулки Дарвоз,
Шуди машхури олам аз дари воз.
Туро чанде зи ?дарюза? бихонанд,
Ки маъни бошад онро бенавои.
Вале дар мулки Дарвоз то ба имруз,
Набурдаст умр хеч кас бо гадои.
Аё Дарвози ман, эй мулки Дарвоз,
Шуди машхури олам аз дари воз.
Ба махфилхо кухансолон бигуянд,
Ки дар солхои чахти, бенавои.
Ба пушти хар ба пушти хеш мардум,
Кашида бору медоданд худои.
Аё Дарвози ман, эй мулки Дарвоз,
Шуди машхури олам аз дари воз.
Бигуянд инчунин он кухнамардон,
Ки дар хар дех масхид севу чор буд.
Барои рахгузархову гарибон,
Чу мехмонхона дар он даври тор буд.
Аё Дарвози ман, эй мулки Дарвоз,
Шуди машхури олам аз дари воз.
Чаро эй олимон эй маънихонон,
Хамечуед маъниро зи фарханг.
Бичуед маъниаш аз чашми мардум,
Зи хоку обу боду куху хар санг.
Аё Дарвози ман, эй мулки Дарвоз,
Шуди машхури олам аз дари воз.

Метки:
Предыдущий: Пощечина общественному вкусу. Сон 1. Назад в прошл
Следующий: Судьба